ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Нурафшон” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар рафти мулоқот масъулини ҳизбӣ атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ –ҳамчун мактаби бузурги шуҷоату мардонагӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз давлатҳои ҷангзада ва фаҳмонидани моҳияти ҷанбаҳои динии моҳи шарифи Рамазон суханронӣ намуданд.
Дар охир дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба китобхонаи мактаби деҳаи мазкур 15 адад китобҳои бадеӣ аз осори шоирони гузаштаю муосир туҳфа карда шуд.