КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Хатлон” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Ҳангоми вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва роҳбари ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Хатлон” Азизов Саъдӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан, Орзу Ҳамидиён ба сухан баромада, изҳор дошт, ки ҲХДТ дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятиро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таасуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм, терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
Дар фарҷом ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуд.