ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии Ҷангал” дар мавзӯи “Таҳдиди гурӯҳҳои тундрав ба амни ҷомеа ” вохӯрӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Абдураҳимова Фирӯза дар бораи мақсад аз фаъолияти ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки тобиши диниро бештар ба худ касб намудааст, тибқи поймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамоянд, суханронӣ намуд.