ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Дар ташкилоти ибтидоии “Сафобахш” оид ба самтҳои
афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳия дар бораи сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ андешаронӣ карда, сокинонро ба роҳи
созандагиву ободонӣ, пешрафту шукуфоии Ватан раҳнамоӣ намуд.
Инчунин, мавсуф дар охир аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки дар моҳи
шарифи Рамазон, ки моҳи хайру садақот аст, ба шахсони ниёзманди ҷомеа дар
доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” кӯмаку дастгирӣ намуда,
корҳои ободониро ба роҳ монанд.