БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ҶИҲАТИ ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ҲИЗБ ДАР ҶОМЕА

КӮЛОБ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Анваробод” вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки ҲХДТ мулоқот анҷом дода шуд.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён иштирок ва баёни андеша намуд.

Зимни суҳбат мавсуф  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ ибрози ақида намуда, гуфт, ки мо ҳизбиён бояд ба корҳои амалӣ ва иқдомҳои созандаи худ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб саҳмгузор бошем.

Дар идоами мулоқот роҳбари ташкилоти ибтидоӣ қайд дошт, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии мо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо нерӯи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, ба мафкураи мардум таъсир мерасонанд ва онҳоро ба корҳои созанда ҷалб менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg