Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ибтикори кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии «Саноат»-и ҷамоати деҳоти Узун бо мақсати шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиатноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ Алиев Зафар - мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба мафкураи зиддикоррупсионӣ дар заминаи тарбияи ҳисси муқовимат ба амалҳои хусусияти коррупсионидошта андешаронӣ намуда, ҳамзамон оид ба ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакоҳои иҷтимоӣ, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз пеҳншавии бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуд.