ҶАЙҲУН.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун миёни аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Орзу» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир карда шуд.
Дар он Муҳамадҷон Зайдуллоев иштирок карда, зимни баромад дар назди ҷамъомадагон аз хатарҳои коррупсия ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, чунин иброз дошт, ки коррупсия ҳамчун зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва яке аз унсурҳои таҳдиткунанда ба амнияти миллӣ, халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат буда, ба рушди устувори давлат монеъа шуда метавонад.