БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМСОЯИ НАЗДИК БЕҲ АЗ ХЕШИ ДУР...

ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хурамзамин” оид ба татбиқи ҳадафҳои “Соли баланд  бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”  суҳбат дар атрофи  хизмат дар сафҳои  Артиши  миллӣ – ҳамчун қарзи шаҳрвандии  мо  ҷавонон баргузор гардид.

Масъулини ҳизбӣ дар ин суҳбат иштирок дошта, дар бораи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бо  ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани  84  нафар  ноболиғон  аз  давлатҳои ҷангзада ва фаҳмонидани моҳияти ҷанбаҳои динии моҳи шарифи Рамазон  суханронӣ намуданд.

Баъдан вобаста  ба  татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем!» сохтани девори  атрофи  хонаи собиқадори меҳнат   кӯмаки  амалӣ  расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg