БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҳамасола дар саросари кишвар моҳи май ҳамчун моҳвораи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Дар ин росто дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо штироки васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ доир карда шуд.

Нахуст, чорабинӣ бо намоиши дастовардҳои омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни Донишкадаи техология ва менеҷменти иннговатсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оғоз гардида, аз рафти он меҳмонон диданд намуда, барои ин дастовардҳои наззарас таҳсину офарин хонданд.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ бошад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, Ниёзӣ Акбар роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог”, диреткори Донишкадаи техология ва менеҷменти иннговатсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва баромад намуданд.

Зимни чорабинӣ ҳозирин баромад намуда, қайд карданд, ки ҷавонон нерӯи созандаи кишвар ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгири намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам меорад.

Дар ин зимн таъкид шуд, ки ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишомӯзӣ, интихоби касбу ҳунар, ободиву пешрафти сарзамин ва ҳимояи Ватан сарф намоянд.

Дар рафти чорабинӣ ба як қатор ҷавнони фаъол – аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо Сипосномаҳо аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қардшиносӣ гардиданд.

Бо роҳандозии чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳамоиши мазкур хотима ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg