
ДАНҒАРА.Ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо
ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоъати деҳоти Оқсу “деҳаи Талхоб” оид ба самтҳои фзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳия оид ба омӯзиши ҳунар ва илмҳои замони муосир, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, сари вақт супоридани андози истифодаи заминҳои кишт ва манзилҳои истиқоматӣ, каммасраф истифода бурдани қувваи барқ, сатҳи баланди донишандӯзӣ ба насли наврас, хурраму зебо гардонидани маконҳои истироҳатӣ ва назди биноҳои таълимӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Аксияи амалии ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ намуда, ба сокинони деҳа барору комёбиҳо таманно намуд.