БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ МИНБАРҲОИ САҲА-РО БА МАНФИАТИ ХУД ИСТИФОДА МЕБАРАНД

ВОКУНИШ.Созмони  амнияту ҳамкорӣ дар  Аврупо (САҲА) яке аз ташкилотҳои обурӯманди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, ба хотири амнияту субот дар гӯшаҳои гуногуни олам саъю кӯшиши зиёд мекунад. Вале,  мутаассифона баъзе ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ,  аз ҷумла роҳбарон ва намояндагони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом аз минбарҳои он ба манфиати худ истифода мебаранд, ки ин обурӯ ва нуфузи онро дар ҷомеа паст менамояд.

 Мо шоҳид ҳастем, ки дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Шведсария дар қатори намояндагони Тоҷикистон намоядагони ин  ташкилот бо сардории Муҳиддин Кабирӣ даъват карда шуд ва ба онҳо шароиту имконият фароҳам оварданд,  ки баромад намуда, худро мӯсичаи бегуноҳ, ҳамчун гурезаи сиёсӣ ва ҷабрдида нишон диҳанд ва  нисбати сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони кишвар ҳарзагӯӣ намоянд.

 Аз тариқи рӯзнома огоҳӣ ёфтам, ки дар Котиботи Созмони аҳдномаи дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Москва ҷаласаи кории байни ин ташкилоти байналмилалӣ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо иштироки котиби генералии он Томас  Гримингер доир гардид.  Дар он      оид ба иштироки ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ Дар ҷаласаҳои ин ташкилот эроди ҷиддӣ гирифта шуд. 

Котиби генералии САҲА сабаб пеш овард, ки дар ташкилоти мазкур сохторҳо ва институтҳои гуногун фаъолият мекунанд, тасмими иштироки баромадкунандагон дар ҷаласаи солонаи САҲА аз ҷониби онҳо гирифта мешавад. Қайд намуд, ки баъзе доираҳои бадхоҳ аз ин имконият ба манфиати худ истифода мебаранд. Ӯ ваъда дод, ки баъди бозгашт ба қароргоҳи САҲА як комиссияи босалоҳият ташкил дода, масъалаи иштироки ашхоси тасодуфӣ ва нолоиқ ба монанди аъзои ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷаласаи ин Созмони  байналмилалӣ дида мебароянд.

Агар пою қадами аъзои ҲНИ аз ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ канда шавад,  дигар Аврупоиён ба ҳарзагӯии онҳо камтар бовар мекунанд. Ин ҳолат барои Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо марг баробар  мешавад.

Мо сокинони кишвар,  кию чӣ будани наҳзатиҳоро медонем,  изҳори боварӣ менамоем, ки котиби генералии САҲА бо ваъдаи додаи худ  вафо менамояд.

Ҷангихон Одинаев, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии № 12 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg