БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ...

ВОКУНИШ.Дар мамлакати тинҷу ороми мо ашхоси нотавонбине ёфт мешаванд, ки дастоварду комёбиҳои халқи тоҷик, пешрафту тараққиёти кишвар, шукуфоӣ, ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ, сериву фаровонӣ, оромиву осудагии мардумро намехоҳанд, ба онҳо бо назари кинаву ҳасад менигаранд. Ба шумури ин афрод ҷавононе шомиланд, ки бо фиребу найранги ин гурӯҳҳои террористӣ бовар карда, даст ба ҷинояткорӣ зада, ҳаёти худ ва шаҳрвандонро зери хатар мемонанд.

Мо, мардуми тоҷик, бахусус насли ҷавон бояд фаромӯш насозем, ки яке аз омилҳои асосии  сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба сангарҳои мухолиф тақсим шудани ҷавонони хунгарму бетаҷриба, ҳамин тарғиботи тундгароёна ва ташвиқоти яктарафаву густариши афкори бегонапарастӣ буд, ки кишвари моро бо вартаи шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ гирифтор намуд. Ва мо як бор меваи талхи тундгароиву зиёдаравиро чашидаем, ба таври лозимӣ мусаллаҳ набудани ботину зеҳни ҳар як фарди тоҷикро дарк намудем ва дидем, ки инсонситезӣ чи хатарҳои мудҳиш ва чи гуна оқибатҳои ногуворро падид меорад.

Дини мубини ислом як сарчашмаи покизагии маънавӣ ва ахлоқӣ аст ва он бегонапарастӣ, тундравӣ, инсонситезиро намепазирад.

Аз ин хотир, ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар, бахусус насли ҷавонро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро аз даст надиҳанд, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инсонпарвариву ватандӯстиро пуштибонӣ намоянд ва фирефтаи идеологияи ғаразноки кишварҳои бегона нагарданд.

Мо медонем, ки ҳадафи аслӣ ва муқаддаси дини мубини Ислом тарбия ва такомули маънавии инсон, парвариши ахлоқии пок, фикру амали солеҳ, кору кирдори савоб ва рафтори нек мебошад.

ШАРИПОВА Гулҷаҳон,  корманди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg