БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕТАРТИБИИ ҶИНОЯТКОРОНРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

ВОКУНИШ. Бетартибие, ки дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 прим. 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он ба амал омад, мо шаҳрвандонро бетараф гузошта наметавонад. Ин гурӯҳ афрод мехоҳанд бо ҳар навъе, ки бошад, дастури хоҷагону ғаразҳои нопоки худро амалӣ намоянд. Вале ҳеҷ амал ва кирдори онҳо бе ҷавоб намемонад  ва дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эҳтирому эътиқоди халқро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат бо худ дорад ва ҷинояткорону дастдоштагонро ҳатман дар назди қонун таслим мегардонад.

Бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ ва зиракии сиёсӣ амали мазкурро мо шаҳрвандони Тоҷикистон сахт маҳкум намуда, дар таҳкими қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалҳои номатлуб аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, нерӯ ва қувваи созандаи худро барои татбиқи ҳадафҳои олии кишвар равона хоҳем намуд.

Каримов Паримуҳаммад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg