БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

ВОКУНИШ. Ҳодисаи нанговари созмони террористию экстремистӣ  дар Тоҷикистон тибқи қонун маъншудаи  «Давлати исломӣ» зери роҳбарии Беҳрӯзи Гулмурод  писари  собиқ  полковники  хоин Гулмурод Ҳалимов,  ки  дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри  Душанбе  зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  семинари  сатҳи байналмилалӣ   «Оид ба пешгирии хатарҳои терроризму экстремизм» ва муборизаи дастаҷаъмонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба  муқобили хариду фурӯши маводи мухаддир, ки асоси маблағгузории терроризму   экстремизм мебошад, ба вуқӯъ пайваст. 

Пешвои миллат ҳангоми баромадашон  дар  назди иштирокчиёни семинар хавфу хатарҳои терроризму   экстремизмро таҳлил намуда қайд кард,  ки террорист  на  дин на  мазҳаб ва   на  миллат  надорад.  Ба ин  зуҳурот бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ дастаҷаъмона мубориза бояд бурд. Ин  бетартибиҳои  дар  муассисаи ислоҳӣ   3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ   дар  шаҳри Ваҳдат,  ки рӯзи  19 майи  соли   2019 соати   21:30    ба  амал омада ташкилкунандагони  он  боз  як  бори  дигар худро  дар  назди мардум муаррифӣ намуданд,  ки онҳо ки буданд ва ҳоло ҳам кистанд. 

Ҳарчанд,  ки Истиқлолияти давлатии мо чӣ қадар дастовардҳои бузург дорад  ба  ин  нигоҳ накарда, ҳоло ҳам  ба  умеди хоҷагони  худ  даст  ба  хунрезӣ  зада,  бо  ин  ваҳшонияти  худ  бори  дигар исбот намуданд,   ки хоинони миллат  ба  чи корҳо қодир аст.

Ин  ҳодиса ҳар  як  нафари ватандӯсту соҳибватанро масъул менамояд,  ки баҳри ҳифзи марзу буми   ин  Ватан содиқ  бошем  ва  дар  нигоҳдории амнияти кишвар саҳмгузор  бошем.  Ҳар  яки мо новобаста  аз  ин  ки  дар  кадом вазифа кор мекунем, бояд маъсулияти шаҳрвандии   ин  кишвари соҳибистиқлолро ба  душ  гирифта, баҳри пешрафти  он   саҳмгузор  бошем. Ба   чунин рафтори хоинони миллат аҳамияти ҷиддӣ дода,  бар  зидди чунин хоинони миллат муборизаи дастаҷаъмонаи аҳли ҷомеа зарур мебошад. 

Сокинони ноҳияи Шаҳритуз рафтори ташкилкунандагони   ин  бенизомиро маҳкум намуда, барои мубориза   бар  зидди гурӯҳҳои ифротӣ   доимо мусоидат хоҳад  кард.

Шаропов  Ҳомидҷон, раиси   КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg