БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФАРБАР КАРДАНИ ХАЙРУ САХО ҲАМЧУН АСОСИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ВА МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГИИ ҶОМЕА

А.ҶОМӢ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар маҳаллаи Зарнисори ҷамоати деҳоти 50- солагии Тоҷикистон дар доираи раванди амалишавии корҳои фаҳмонидадиҳӣ миёни аҳолӣ, вохӯрии навбатии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов ва дигар шахсони даъватӣ  баргузор гардид. Муҳаммаддову Ҳалимов  зимни суханронӣ  дар баробари шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  ва дигар дастуру  супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеъи КИМ ХХДТ  бармеоянд,  андешаронӣ  кард.

Инчунин, дигар баромадкунандагон низ доир ба мавзӯъҳои баланд  бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз  хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон   ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, пешгирӣ  аз  хатари ҳизбу ҳаракатҳои  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ  ба амнияти кишвар ва аҳолии он, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофот  бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарханги бегона ва оқибатҳои манфии  он ба ҳуввияту асолати миллӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ  дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа суханронӣ намуда, ҳамагонро ба бунёдкориву созандагӣ ҳидоят карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg