
ДАНҒАРА.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Корез оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони масъули ҳизбӣ доир ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, аз ҷавонон ҷиҳати дӯст доштани Ватан, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, ҷавобан ба сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари давлат омӯхтани илму дониш, ихтирооту навоварӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварданд.
Инчунин,бо ҷалби васеъи ҷавонон дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободониву созандагӣ ба анҷом расонида шуд.