ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 чорабинии фарӽангиву сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноӽияи Восеъ Ғафурзода Мӯсо Зариф, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Зимнан Ғафурзода Мӯсо Зариф ҷавонони ноӽияро бо Рȳзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, оид ба ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ, роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, нақши ҷавонон дар пешрафти Тоҷикистон, ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд суханронӣ намуд.
Инчунин, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» қайд карданд, ки моро месазад баӽри ободии Ватани азизамон ва тинҷиву оромии он камари ӽиммат баста, пайравони Пешвои миллат буданамонро собит созем.