
БОХТАР.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи Ваҳдат-3” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони Кумимтаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иштирок дошта, вобаста ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соҳаҳои мухталифи ҷомеа андешаронӣ намуданд.
Баъдан дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” заҳбуру заҳкаш ва ҷӯйборҳои ҳудуди маҳалла аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуданд.