![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20190426_111607.jpg?itok=M44wJKy6)
ДАНҒАРА.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулафшони Боло”, ҷамоати деҳоти Оқсу хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро ба софдилона кору фаъолият намудан ба халқу Ватан, шукргузорӣ аз Ваҳдату Истиқлолияти кишвар, тарбияи ҷавонон дар роҳи хештаншиносӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳнамоӣ намуд.