БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҲАЁТУ ФАЪОЛИЯТИ ҶАВОНОН ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАНД, КИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН НИШОНАИ ОН АСТ!

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 23 май-Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ» - и шаҳр мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намудҳои шоҳмот, шашка ва тенниси рӯйи миз баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр  Наҷидуллоев Таваккал иштирок доштанд. Дар ин мусобиқа иштирокдорон маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, миёни ҳам рақобат карданд.

Баъдан  Наҷидуллоев Тавакал дар  суханронии худ доир ба сиёсати хирдамандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон ҳарф зада, гуфт ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи махсус медиҳанд, ки  таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон нишонаи он аст.

Дар охир ҳайати доварон ғолибони мусобиқаро аз рӯйи намудҳои шоҳмот, шашка ва тенниси рӯйи миз муаяйн карда, ба онҳо Ифтихорнома ва медалҳои таъсиснамудани Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро тақдим намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg