БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАЮ ВАТАНПАРАСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПУШТИБОНЕМ!

АНДЕША. Дилпурии аҳли оила ба ояндаи худ аз устувории сутуни хонадон, яъне падари хонадон вобаста аст. Миллати тоҷик аст, ки аз хушбахтарин миллатҳост, ки соҳиби падар ва ҳомии устувори манфиатҳои худ  дар шахси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Чун ба гузаштаи имрӯзаи худ бо дидаи таҳлил назар меафакнем дар мундариҷаву муҳтавои ҳар як иқдоми Пешвои миллат дилсӯзиву шавқати падарона ба халқу миллат ҷой дорад ва ин ғамхориҳо ҳамвора бо дастони бо баракату пурзури худ тамоми офатҳоро аз сари модур карда тамоми баракатро  ба рӯи сарамон рехата аст.

Ин воқиятро нисбати Пешвои миллат ба чашми дил метавон равшантар дид, ки  дар асоси дастуру супоришҳои  ӯ 84 – нафар ноболиғи тоҷик бо амри тақдир дар Сурияи ҷангзада, ки падару модаронашон бо фиреби хоҷагони хориҷи ба Сурия рафта буданд ва дар ҷангҳо нобуд шудаанд,  ба Ватани аҷдодияшон баргардонид.

Маҳз бо тавассути Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ҳамчун узви баробарҳуқуқи Созмони Милали Мутаҳид мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд. Мардуми тоҷик дар таърихи шинохти халқу миллатҳои ҷаҳон, ҳамчун миллати соҳибтамаддун, бомаърифат, меҳмоннавоз ва соҳибҳунару соҳибкасб шинохта шудааст.

Бо ташаббуси Пешвои миллат бо огоҳии комил аз ривоҷу густариши вабои аср, яъне терроризму экстремизм барои мо таъкид доштанд,  то ҳақиқатро рӯшан дарёбем.Тоҷикистон чун як узви соҳибихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи байналмилалӣ обрӯю эътибори хоса дорад. Кишвари мо барои пешгирӣ аз терроризми ҷаҳонӣ бо кишварҳои дигар дар як саф қарор дорад ва худ, ки аз ин падидаи номатлуб зарар дидааст, тамоми қувваи мардуми кишварро барои пешгирӣ аз рушди терроризм ва экстремизм сарф мекунад ва дар ин кор муваффақ ҳам ҳаст.

Тоҷикистон чун кишвари дар ҳоли рушд дар арсаи иқтисодиёт низ бамуваффақиятҳои назаррас соҳиб гардидааст. Амалӣ кардани чор минтақаи озоди иқтисодӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар барои пешрафти минбаъадаи Тоҷикистон мусоидат менамояд. Оғози кори НОБ-и «Роғун»бошад, барои боз ҳам рушд намудани соҳаи саноат кӯмак расонида, кишварро аз бумбаст ва норасоии қувваи барқ ба пуррагӣ раҳо намуд.Тоҷикистон имрӯз комилан аз бумбасти нақлиётӣ баромада, ҳоло кӯшиш дорад, ки таъминоти аҳолӣ бо маводи хӯрока низ ба пуррагӣ таъмин гардад.

Мо аъзои ташкилоти ибтидоии  «Маорифчиён» бо татбиқҷӯӣҳои ватандӯстонаву ҷонфидоёнаи Пешвои миллат соҳиби давлати устувору пойдори хеш гаштем ва онро мисли гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Як гурӯҳ аъзои Кумитаи ибтидоии  «Маорифчиён» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg