
ВОКУНИШ. Аз соли 1973-юм сар карда, ҳаракати «Наҳзати исломӣ» дар ҷомеаи ҳамондавраи мо ба фаъолияти пинҳонӣ пардохт, ки ду самти асосии корӣ дошт: яке тарғиби бунёдгарони ғояҳои исломӣ ва дигаре ҳидояти мардум ба исломгароӣ.
Дар ибтидо ва даҳсолаи дуюми асри 21 гуруҳҳои террористӣ рӯ ба инкишоф овардаанд. Имрӯз дар бораи шабакаҳои иҷтимӣ бисёр мегӯянд, ки сомонаҳои экстремистии онҳо пули пайванди муболиғони «ДИИШ» ва ТЭТ ҲНИ бо ҷавонон гаштааст зеро тавассути интернет дастрасии ҷинояткорон ба аудитория, муоширати анонимӣ (беном) осон аст. Зиёда аз 150 сомона ба забони русӣ мебошад, ки рӯ ба афзоиш доранд ва ҷавонони мо пеш аз ҳама бо сомонаҳои русӣ сарукор мегиранд. Экстремистҳо аз гуруҳҳои анъанавии муоширати иҷтимоӣ низ фаъолона истифода мебаранд. Бисёр аз васоити ахбори омма ва гуруҳҳои муайян дар ин мавридҳо мусулмонон ва кишварҳои исломиро сабабгору гунаҳгор мегиранд. Ҳарчанд ки ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад ва ҳам Пешвои миллат расман борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо қатият изҳор доштанд, ки покии исломро бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар набояд олуда бисозанд.
Дуруст аст, ки инсон дар ҳаёт баъзан ба хатову камбудиҳо роҳ медиҳанд. Ва бисёр наҷибу гуворост дар аксари ҳолатҳо одамон хатоҳои худро фаҳмида, бо эҳсоси баланди инсонӣ пайи ислоҳи камбудиҳои худ мегарданд.
Ҷое хонда будам, ки «Хушбахт касест, ки аз саргузашти дигарон панд гирад» ва «Муъмин касест, ки аз кори некаш хурсанд ва аз кори бадаш нороҳат шавад».
Дар Қуръони Карим омадааст: «Ва шумо-ҳама ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда мешавед». Ва ҳам Худованд бо таъкид ба Расулаш мефармояд: «Дар ҳақиқат касоне, ки динашонро пароканда сохтанд ва гуруҳ-гуруҳ гардидаанд, ту ҳеҷ робита ба онҳо надорӣ ва коратон танҳо бо Худост». Он гоҳ бо чӣ анҷом медоданд, огоҳашон хоҳад кард.
Имрӯз усули роҳҳои нави даъват ба ҷиноятҳову амалҳои террористӣ афзудааст. Бо ваъдаҳову хабарҳои бардурӯғ майнаҳои ҷавонон ва вуҷудашонро зоҳролуд сохтаанд.
Мебинем, шоҳид мешавем, ки исломро ба таври сунъӣ сиёсӣ мекунонанд. Бо истифода аз дини пок ва оламшумул ғаразҳои сиёсиву нопоки худро амалӣ месозанд.
Рӯз аз рӯз мубориза барои ақли ҷавонон тезутунд шуда истодааст ва бояд таъкид кард, ки танҳо дастгирии фаъолонаи аҳли ҷомеа ба ҳадаф метавон расид, яъне ҷавононро аз мағзшӯиҳои экстремистӣ эмин дорем ва ба роҳи касбу донишомӯзӣ, ободкорӣ равона созем.
Мо бояд тамоми чораҳоро биандешем то ин ки ТЭТ ҲНИ ва хоҷагонашон ба ҳадафи нопоки худ нарасанд.
Давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар навбати худ барои инкишофи фарҳанги исломии ҷомеа тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Мо бояд ба қадри ин неъматҳо бирасем ва нагузорем, ки дар кишвари мо амалҳои террористиву экстремистӣ содир шаванд ва дини мубини поки Исломро душманони онон бадном бисозанд.
Қобилҷон Ашӯров, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак