БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯГОН ХАЛҚУ МИЛЛАТ ХИЁНАТ БА ВАТАН – МОДАР, ДАВЛАТ ВА МАРДУМРО НАБАХШИДААСТ ВА НАМЕБАХШАД

ВОКУНИШ. Ташкилотҳои террористии байналхалқӣ дар тамоми дунё  бо якдигар ба тариқи шабакаи интернет ва дигар  воситаҳо дар тамос буда,  ҳамкорӣ мекунанд ва дар ин ҷода ҷанги иттилоотиро пеша менамоянд.

Терроризми  ҷиноятӣ  иборат аз гурўҳҳои муташаккили  ҷинояткор барои халалдор гардидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, монанди  амалӣ сохтани акти террористӣ, шароит муҳаё сохта, ба ин восита диққати мақомоти  дахлдорро ҷалб мекунанд. Аммо дар ҳарду сурат  мақсади онҳо зарба задан ба сохти давлатдорӣ, паст намудани сатҳи бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад ва дар ҳарду ҳолат аҳолии осоишта зарари ҷонию молию маънавӣ мебинад. Дар бисёр ҳолатҳо шахсоне ҷалб мешаванд, ки ба фанатизм гирифтор гардидаанд.

         Исботи оддии ин гуфтаҳо ошўби дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо ҷурми терроризму экстримизм ва пайвастан бо ташкилотҳои террористӣ-экстримистӣ ба ҷавобгарии ҷинояти кашида шудаанд, бетартибӣ анҷом дода шуд. Дар пайи ин ҳодиса нафарони зиёд ба ҳалокат расиданд, ки дар миёни онҳо 3-нафар кормандони ин муассисаи ислоҳӣ низ буданд.

Бараъло маълум аст, ки ин тазоҳуроти навбатии  ҷинояткорон – хоинони миллат низ тибқи нақшаи тартибдодаи саркардагони онҳо буда, худ низ қурбонии кори худ гаштанд. Зиндонӣ шудан, ин яъне ислоҳ  шудан аст. Вале ҳайҳот ислоҳ шудан он тараф истад, онҳо худро дар ин роҳ  қурбонӣ намуданд. Ин бори дигар собит сохт, ки барои террорист арзишҳои миллӣ, инсонӣ ва мазҳабӣ ҳеҷ арзише надорад. Террорист будан, яъне даст ба куштор задан, барангехтани тарсу ваҳм, бетартибӣ, бераҳмӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин нисбати инсонҳо мебошад.

Сардори давлат, ҳамчунин аз миқёс ва хусусияти ҷаҳонӣ доштани таҳдидҳое, ки онҳоро терроризм  ва ҷинояткории муташаккил ба миён меоранд, изҳори нигаронӣ карда, мубориза бо терроризми фаромиллӣ ва ифротгароиро вазифаи аввалиндараҷа номиданд. Моро мебояд ваҳдати миллӣ ва сулҳи Ватанмонро ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем.

Хушбахтона имрӯзҳо мардуми мо симои аслии террористонро ҳамчун нафарони хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд ва дигар ба дассисаҳояшон дода нашуда, аз амалҳои онҳо намеҳаросанд.

         Мо кулли мардуми тоҷик  ҳама гуна амалҳои террористиро маҳкум намуда, ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Роҳбари хирадпешаи миллат ҳастем ва мехоҳем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамешагӣ дар Тоҷикистони азизу маҳбубамон пойдор бошад.

 

Файзизода Каримҷон, узви Гурўҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси

вакилони халқи ноҳияи Панҷ.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg