![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/%D0%92%D0%BE%D0%BE%D0%BA%D1%83%D0%BD%D0%B8%D1%88%20%D0%BE%D0%B8%D0%B4%D0%B8%20%D0%B1%D0%B5%D1%82%D0%B0%D1%80%D1%82%D0%B8%D0%B1%D0%B8%D2%B3%D0%BE%D0%B8%20%D0%B7%D0%B8%D0%BD%D0%B4%D0%BE%D0%BD.jpg?itok=v9gGQ9Pw)
ВОКУНИШ.Ҳизбиёни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бетартибии оммавӣ дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 19.05.2019, ки аз ҷониби созмони террористию экстремистии дар Тоҷикистон манъшуда «Давлати исломӣ» роҳандозӣ ва боиси марги кормандони муассисаю дигар маҳбусони осоишта гардидааст, сахт маҳкум намуда, кирдори хиёнаткорона ва разилонаи ин афродро ҳамчун далели хиёнат ба Ватан ва дур будан аз рисолати бузурги инсонӣ маънидод менамоянд.
Мутаассифона новобаста аз мунсифона баҳогузорӣ шудани омилҳои ҷинояткорию риояи низоми ислоҳи кирдори содиршудаашон ин қабил афрод аз роҳи хатои хиёнаткорӣ ва бадманишӣ ба ҳеҷ ваҷҳ баргаштанӣ нестанд. Ин омил боиси бесуботӣ ва талафоти ҷонии инсонҳои осоишта мегардад, ки мо аз кирдори ғайриинсонии онҳо хушбин нестем ва онҳоро комилан маҳкум менамоем.
Боиси зикр аст, ки дар ин бетартибӣ сокини ноҳия Ҷомадов Нурхон Амрохонович-маҳбусе, ки бо кирдори гаравиш ба созмонҳои террористию экстремистӣ ба муддати 6 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд, аз ҷониби сохторҳои интизомӣ безарар гардонида шуда, аъмоли содирнамудаи ў волидон, хешу табор ва дар маҷмуъ тамоми сокинони ноҳияро озурдахотир намуд.
Метавон ёдрас шуд, ки Ҷомадов Нурхон дар оилаи зиёӣ тарбия ёфта, падари марҳумаш Ҷомадов Амрохон ҳамчун омўзгору шахси низомӣ як умр барои халқу Ватан хизмати софдилона намуда буд. Чунин омил бори дигар собит месозад, ки ифротгароӣ ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеаи муосир дар ҳар лаҳза ҷавонону тамоми қишрҳои ҷомеаи моро дунболагир аст ва месазад дар тарбияи фарзандонамон аҳли ҷомеа аз ин дида зиёдтар таваҷҷуҳу масъулият дошта бошем.
Мо ҳизбиёни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз аъмоли ғайриинсонии чунин гурўҳҳои террористию экстремистӣ, ки фазои сулҳу суботро дар ҷомеа халалдор месозанд ба ҳеҷ ваҷҳ хушбин нестем ва мавқеи сохторҳои интизомиро дар масъалаи ба эътидол овардани вазъ дар ин муассисаи ислоҳӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Назарзода Толибҷон- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин