БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУЗУРГМАНИШИИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТИИ ҲНИ ДАР МАВРИДИ БА ИМЗО РАСИДАНИ СОЗИШНОМАИ ИСТИҚРОРИ СУЛҲ ВА РИЗОИЯТИ ҶОМЕА ДАР ТОҶИКИСТОН АСОСИ ВОҚЕӢ НАДОРАД

ВОКУНИШ.Роҳбари бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» дар суҳбати  ихтисосӣ ба шабакаи тарғибгари ақидаҳои ифротии «Радиои Паём» аз 30.04.2019  ҳизби наҳзати исломро як ҷониби сулҳ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо ин роҳ мехоҳад, ки обрӯи набудаву рехтаи ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломро дар ҷомеа аз сари нав ба ақидае «ҳифз» кунад.

Муҳиддин Кабирӣ аз хизматҳои «муҷоҳиддин» дар масъалаи ба даст овардани сулҳу субот дар ҷомеа «васф» карда, баъзан паҳлуҳои ба ақидаи коршиносон «ба таъби дилаш» бофтаву сохтаро мунташири бинандаю  шунавандаҳо  дар шабакаҳои иҷтимоӣ  мегардонад.

М.Кабирӣ-роҳбари ин ҳизби ифротӣ  дар ба даст омадани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти  ҷомеа дар Тоҷикистон то ҷое аз худ қаҳрамонтарошӣ карда, пешрафти низомии «муҷоҳиддини ислом»-ро тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳудуди ноҳияҳои  минтақаи  Рашт ва наздик ба қисмати шарқии пойтахти мамлакат «назаррас» арзёбӣ менамояд. Аз нигоҳи ин асолатбохта гӯё агар ҳукумати феълӣ бо мухолифин сулҳ намекард, онҳо дар  ҷанг пирӯз мешуданд.  Ва қисса мекунад аз ҳодисаҳои постгоҳи 12-уми Русия мустақар дар мавзеи Сариғори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин. Гӯё мухолифин қаҳрамоние кардаанд, ки тавониста бошанд як қисмати Ватанро аз кадом қувваҳои хориҷӣ муҳофизат сохта!

Метавон ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳангомаи ин асолатбохта бовар накард! Нақши сарбозони Русия гарчанде ки дар ҳамон шабу рӯз барои ҳифзи Тоҷикистони соҳибистиқлол бориз буд, вале ҷавонони ин Ватан дар баробари  сарбозони рус пеши роҳи зархаридони наҳзатиро дар он муҳориба пурра гирифта буданд. Имрӯз ҳама мардуми Тоҷикистон медонанд, ки дар муқобили нерӯи зиёда аз 500-нафараи душман як постгоҳи 40 нафараи низомиёни рус ва зиёда аз 100 нафар фарзандони шӯҷои Тоҷикистон нагузоштанд, ки душман дар ин минтақаи марзӣ пешсаф бошад. Лофи беҳуда задан аз «қаҳрамониҳои мухолифин» дар ин минтақаи марзӣ, ки онҳо ба шикаст мувоҷеҳ шуданд, аз ақли солим надоштани тарғибгари чунин ақидаҳои пучу бепоя шаҳодат медиҳад.

Мухолифин аз ҷангҳои рӯёрӯй метарсиданд. Чун аз ин шакли ҷанг ба мақсад нарасиданд, ҷангҳои чирикиро пеша карданд, ки «васфи» рӯзҳои сиёҳи миллат аз ҷониби М.Кабирӣ бори дигар террорист будани уву ҳаводоронашро собит месозад.

Дуруст аст, ки Кабирӣ мегӯяд: «вақте ба сиёсат омадед инсон бояд зирак бошад, пешбинӣ карда тавонад…». Бале! Оғои Кабирӣ дар давраи зинда будани С. Нурӣ мақсаду мароми ба сиёсат омадану шахси сиёсӣ буданро дошт. Ва ҳар василае, ки дошт истифода кард то ба қудрат бирасад. Ҳамаи қудратталабию ҷоҳхоҳӣ буд, ки Кабирӣ аз ҳуқуқи зиндагӣ дар Тоҷикистон маҳрум шуд. Ҳирси молу ҷоҳ ботини уро ончунон ғализу бад кардааст, ки ҳаргиз аз ин роҳи ихтиёркардааш баргаштанӣ нест. Ва ҳар куҷо туҳмату афсонабофист  мебандаду  мегӯяд сари давлату Ҳукумати Тоҷикистон.

Вақтҳои охир дар баромадҳояш бештар калимаи «миллат»-ро  ба забон меорад.  Миллате, ки ӯ то имрӯз ба фаҳми он сарфаҳм нарафтааст. Ҷойе аз «миллат» мегӯяду ҷойи дигар зери  бозиҳои сиёсӣ барои куштани ҳаммиллатонаш ҳамеша пайт меҷӯяд.

Суханбозӣ дигар  дар ҷомеаи имрӯза қадру қиммат надорад. Ва он идеологияи миллаткуши Кабирию кабирипарастон ба эътиқоди сиёсии аксари мардуми кишвар созгор нест. Аз ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ қаҳрамонтарошию  бузургманишӣ ва як тарафи сулҳ муаррифӣ кардани он камоли бехирадист, оғои Кабирӣ!  Агар ин ҳизби ифротгаро ба мардуми Тоҷикистон сулҳ меовард ҳеҷ гоҳ соли 2015 ба табадуллоти давлатӣ даст намезад.

Умдатан решаи  пӯсидаи ҳизби наҳзат ва «сулҳовар» қаламдод кардани он аз заволи сиёсии Кабирӣ ва ҳамсангаронаш дарак дода, рӯйи сиёҳу сиёсии худро ба ибораи мардуми кӯҳистон «намакоб» задан мехоҳанд, ки ин хеле  хандаовар аст.   

М. Аҳмадзода, узви фаъоли  ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg