БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БАРҲАМДИҲАНДАИ АМНУ ОСОИШ ДАР САЙЁРА АСТ!

ВОКУНИШ.Тақвият ёфтани фаъолияти ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки истифода аз эътиқоди динӣ, тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гаштааст.

         Ҳодисае, ки рӯзи 19 майи соли 2019 соати 21:30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, аз тарафи маҳбусони бо моддаи 401 прим. 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкумшуда, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ба амал омад, бешубҳа аъзои созмони террористиву экстремистӣ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати исломӣ ” мебошанд. Дар айни замон, аъзои ин гурӯҳҳо бисёр ҷоҳилианд. Агар ба рафторашон назар афканем, шармамон меояд, ки онҳо бо тоҷикӣ ҳарф мезананд ва бо рафтору гуфтори ҷоҳилонаашон миллати тамаддунофари тоҷикро дар хиҷолат мегузоранд. Инҳо ба дарди бедавое гирифтор шудаанд, ки номаш дарди хиёнат аст. Онҳо бо Иблис умумиятҳои зиёд доранд ва якеаш ин аст, ки гуноҳи онҳо нобахшиданист ва бо дарки ин маъни мисли Иблис боқии умри худро дар пайи кӯшиши гумроҳсозии мардум сипарӣ мекунанд.

         Албатта, вазифаи шаҳрвандии мо дар ин росто аз маҳкум кардани рафтори гурӯҳҳои ифротӣ ва муборизаи беамон бурдан бар зидди унсурҳое, ки ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо таҳдид мекунад, инчунин  аз роҳи фаҳмонидани оқибатҳои мусибатовари шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ислоҳ кардани ҷавононе, ки ба доми чунин гурӯҳҳо афтодаанд ё дар раванди моилшавию шомилшавӣ қарор доранд, иборат аст. Дар навбати худ мо ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат талош бояд варзем, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар кардаанд, сарбаландона иҷро кунем.

 

Абдулҳаев Маҳмадсаид, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ                                                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg