БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУСАЛМОН ВА Ё МУСАЛМОННАМОӢ?

ВОКУНИШ. Барои коргардон ва таҳягарони сенарияи бетартибии навбатӣ дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноатии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат василае буд, ки ҳадафашон парокандани тухми кинаву адоват, ҳамчун нохун задан ба эҳсоси  мазҳабии мардуми мусалмон аст. Имрӯз мусаллам аст, ки ташкилотҳои террористию экстремистии мамнуъшудаи бо ном «Давлати исломӣ» сӯистифода аз дину мазҳабҳо, сиёсӣ кардани ислом ва бар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ мусалмононро ҳамчун васила ё абзори калидӣ истифода менамоянд.

Созмони бо ном «Давлати исломӣ» дар заминаи бархурдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳуввияти миллӣ-мазҳабӣ дар Тоҷикистон ба таври сунъӣ созмон ёфта ҳадафаш танҳо ба роҳ мондани бозиҳои геопалитикии минтақавӣ маҳсуб меёбад. Ин аст, ки ду даҳсолаи аввал ҳар чанд чунин ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар кишвар зиёд гардиданд, ҳамон қадар даргириҳо дар кишвар зиёд гардид. Имрӯз, ки Тоҷикистон ба сӯӣи низоми сиёсии демократӣ қадамҳои устувор бардошта истодааст, метавонад тавассути сарҷамъию тифоқии миллати тамаддунофари тоҷик ормонҳои миллӣ ва мардумиро дар  амал татбиқ намояд.

Мусаллам аст, ки «мусалмон» ва ё «мусалмоннамоӣ» ҳарду вожаҳои ҳаммано буда, зери ин маҳфум шахси Худогоҳ, Хутарс, боифату покдил, хаӣрхоҳу саховатпеша, поквиҷдону худшинос ҷилвагар мегардад. Мутаассифона «мусалмоннамоён» -и мо зери маҳфуми «мусалмон» ва «ислом» ҳадафҳои разилонаи худро ба монанди хурофоту таассуб, ҷаҳолату бадбинӣ,  кинаву адоват ба пеш бурда, ҳазорон нафар ҷавонон ва ҳатто занонро ба гумроҳӣ бурда, тавассути онҳо нақшаҳои разилонаашонро бо фахру имони комил бебаркаш амалӣ намуданд. Имрӯз будани зан- модари тоҷик дар маҳбасҳо, бесарубон мондани кӯдакони тоҷик, гумроҳ намудани ҷавони тоҷик нангест барои ҳар соҳибватану соҳибдавлат.

Имрӯз роҳбарияти наҳзатӣ ҳамарӯза барои иҷрои супоришҳои хоҷагони хоричӣ ҳазорон барномаву сенарияҳо таҳия менамоянд, то ки зарае ҳам бошад тавассути иuвоангезӣ худро дар назди  хоҷагонашон сарболо нишон диҳанд.

Дар моҳи шарифи Рамазон қатли ом намудани мусалмон ин аз рӯӣи ягон мусалмонӣ нест, лек имрӯз мебинем, ки то ҳол миёни аъзоёни наҳзатиҳо  василае вуҷуд дорад, ки таввасути он якдигарро мекушанду таҳқир мекунанд Наҳзатиҳои имрӯза ҳамон сагонеро мемонанд, ки барои як устухони ночиз омодаанд, ки якдиггаро пора -пора созанд.

Наҳзатиҳо бо амали навбатии худ бори дигар ба миллати тоҷик ва хоса тоҷикони ҷаҳон собит намуданд, ки онҳо дар ҳақиқат ҷаҳолатписанд, хурофотпараст, суннатгароӣ, таассубталаб, худхоҳ, беинсоф, ноодам, манфиатҷӯ ва белохира номусалмонанд.

Ҳодисаи навбатии наҳзатиҳо бори дигар нафрати миллат, хоса занону модарон ва наврасону ҷавононро ба наҳзатиҳои зархарид афзун намуда, чеҳраи воқеии онҳоро шинохт. Дар воқеъ таърих гувоҳ аст, ки  мо мардуми тоҷик борҳо аз санҷиши сангини сарнавишт гузашта фарҳангу тамаддуни худ, арзиш ва асолати миллиро аз даст надодаем. Баръакс ҳама ихтилофҳо, набардҳо, нокомиҳо моро ба пирӯзиҳо расондаанд ва охирин санҷиши  сарнавиштсоз  тавонист нақшаҳои  наҳзатиҳоро ботил созад ва моро ба Ваҳдат орад. Мо давоми 27 соли соҳибистиқлолӣ аз имтиҳонҳои  зиёди сангину вазнин гузаштаем ва номаи камоли давлату миллатро аз даст надодаем.  Пас ки ва чи боз метавонад моро аз ин Ваҳдат,  аз ин роҳи бесобиқаи фарҳанги сулҳ боздорад.

          Ба қавли Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:

          Гила аз сахтии аӣём бигузор,

          Ки сахтӣ нокашида камёр аст.

          Намебинӣ, ки оби ҷӯӣборон,

          Агар бар санг ғалтад хушгувор аст.

Воқеияти кунунӣ ин аст, ки биёед ба бетарафӣ хотима гузошта, бар зидди хурофоту таассуб ва ҷаҳолату мазҳамбозӣ фаъолият нишон диҳем, то тавонем ин сулҳу Ваҳдат ва ин Истиқлолияти комили давлатиро мисли як гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Саёҳат Абдуллоева,  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg