БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ- МУСОИДАТ БА РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР АСТ!

АНДЕША.Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо  кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар хеле бомаврид ва  сари вақтӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили амиқ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз  ҷумла мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳоро натиҷагирӣ намуданд. Чихеле, ки Сарвари давлат қайд намуданд,  аз  фаъолияти пурсамари  ин  сохторҳо рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ вобастагии амиқ дошта, барои пешрафту шукуфоии  кишвар вобастагии калон дорад.

Баъди таҳлилу баррасии васеъи соҳаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дарёфти роҳхои  нави  пешрафти бахшҳои иқтисоди миллӣ, оид  ба  нақшаи даромади буҷет, ба  роҳ мондани низоми  нави  фаъолият, ҷорӣ намудани технологияҳои нав,  интихобу ҷобаҷогузориҳои кадрҳои баланихтисоси соҳаҳо,   таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, дар  назди Ҳуукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас гузоштанд.

Ҳамаи  он нуктаҳое, ки Сарвари давлат  дар  вохӯрӣ оид  ба  вазъи соҳаҳо баён намуданд хеле аниқ ва онҳо  дар  амал ҳақиқатан мавҷуд буда, барои ислоҳи онҳо ҳатман чораҳои зарурӣ анедешидани Ҳукумат хеле бомаврид мебошад.

Дар  ҳақиқат кормандони мақомотҳои молия, андоз ва бонкдорӣ дар  шаҳру ноҳияҳо дар  масъалаҳои иҷрои босифати нақшаҳои даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба  нафъи давлату миллат дуруст фаъолият намекунанд.   Дар  фаъолияти онҳо ҳамеша ҳаракатҳои дорои характери коррупсионӣ дошта мавҷуд буда  аз  ваколатҳои  худ берун баромада,  боиси норозигии мардум гардида истодаанд.  Пешвои миллат дуруст қайд намуданд, ки соддагардонии андоз хеле бомврид буда, зарурияти қабули  он  бисёр муҳим мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  ҳамаи роҳбарону кормандони мақомотҳои молия,   андоз, гумрук ва бонкҳои кишвар таъкид намуданд, ки  дар  фаъолияти  худ  ҳамаи камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд ва барои дарёфти роҳхои ҳалли мушкилоти соҳаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.  Бори  дигар онҳоро ҳушдор намуданд, ки  ба  нафъи давлату миллат бо садоқат фаъолият намоянд, дар  ҳолати ошкор гардидани қонунвайронкуниҳо нисбаташон ягон бахшиш нест.

Бо назардошти  ин ба  фикри манн ҳамаи сохторҳои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз  ҷумла молия, андоз, гумрук, бонкҳоро зарур аст, ки  дар амалӣ намудани ҳамаи  он  дастуру супоришҳои неку созандае, ки  аз  мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд,  минбаъд сарҷаъм бошанду бо  кору  амали созанда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини иҷрои дурусти онҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Сураё  Алиева, раиси  КИ ҲХДТ  дар  ноҳияи НосириХусрав

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg