
Ш.ШОҲИН.Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Даштиҷум» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон дар бораи ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намудани ҷавонписарони синни даъватӣ ва масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат оид ба Паёми Пешвои миллат, ки фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд, андешаронӣ намуда,таъкид кард, ки ҳар яки моро зарур аст баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат кӯшиш намоем.