
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «М. Турсунзода-1»-и кӯчаи Крупскаяи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ , алалхусус дар чаҳорчубаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»хониши сиёсӣ доир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Муҳаммаддову Ҳалимзода дар бораи масъалаҳои болозикр,аз ҷумла дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ибрози андеша карда, аз падарумодарони ҷамъомададавъат ба амал овард, ки дар таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд, чунки ояндаи давлату миллатамон дар дасти насли наврасу ҷавон мебошад.