
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шар-Шар»-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғони тоҷик аз зиндонҳои давлати Ироқ ва дигар мавзўъҳои мубрами рўз суханронӣ карда, бори дигар ҷамъомадагонро ҳушдор доданд, ки ҷиҳати аз даст надодани зиракиву сиёсӣ, расидан ба ғамхориҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоӣ намуданд.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо тариқи ҳашар роҳи деҳа сангфарш карда шуд.