БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАҲМОНИДАНИ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ- РО ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ХУД ДОНИСТАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Солибаланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣДар ташкилоти ибтидоии рӯзнома “Ҳақиқати Ховалинг“ оид  ба фаҳмонида додани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Баъди баромади мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор ба кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддин Қаюмов  раиси ташкилоти ибтидоӣ Мавлуда Назарова сухан карда, ба омма аз тариқи рӯзнома фаҳмонида додани самтҳои мазкурро чун кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия вазифаи аввалиндараҷаи аъзои ташкилот маънидод намуда, қайд кард, ки ҳоло ҳам ҳастанд одамоне, ки аз барқ ба зарари худу давлат истифода менамоянд, онро сарфа намекунанд.

 На ҳама аз хатари ба ҷомеа ва ҷони ҳар як оиладоштаи терроризму экстремизм ба хубӣ огоҳӣ доранд. Пешгирии ҷавонон  аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, риояи фарҳанг ва урфу одати миллӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир ва дигар самтҳои мазкур мавзӯъҳоеанд, ки хонандаи рӯзнома ба мутолиаи онҳо эҳтиёҷ доранд.

Ҳизбиёни ташкилот баъди хониши сиёсӣ дар асоси нишондоди Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо нарм намудани замини наздиҳавлигӣ ва тоза намудани гирду атрофи  муассиса  машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg