ФАРХОР. Бо мақсади ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни онҳо ва интихоби бозингарони беҳтарин бо иқдоми намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор аз санаи 15 майисоли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №10, №59, №2 ва Литсейи №1-и ҷамоати шаҳраки ноҳия дар толори варзишии мактаби №10 мусобиқаи волейбол ташкил карда шуд. Рӯзи 18- май дар даври ҷамъбастии мусобиқа Литсейи №1 ҷои якум, МТМУ №59 ҷои дуюм ва МТМУ №10 сазовор ҷои сеюм гардиданд.