![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190508_104055.jpg?itok=DsHk5i9W)
МӮЪМИНОБОД.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Кулдамон»-и ноҳия оид ба татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар маҷлис масъулин атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ карда, иштирокдоронро баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба корҳои созандагӣ раҳнамоӣ карданд.
Баъдан дар ҳудуди деҳа Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида, сокинони деҳа сарҷамъона барои эмин нигоҳ доштани деҳа аз обхезиҳо, боронҳои шадид ва сар задани сел ба соҳилбандӣ машғул гардиданд.