ҚУБОДИЁН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деҳаи Намунаи ҷамоати деҳоти Навобод хониши сиёсӣ баргузор гардид. Абдураҳимова Фирӯза корманди масъули ноҳиявии ҲХДТ зимни суханронӣ зикр кард, ки ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтааст.
Дар охир даъват бар он карда шуд, ки дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, бо ҷалби шахсони саховатманди маҳал дар сохтмони иншоотҳои маданиву маишӣ, тозаву обод гардонидани ҷои зисти худ камари ҳиммат банданд.
Вобаста ба Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и деҳа ду синфхонаи иловагӣ сохтмонаш идома дошта, дар арафи ҷашнгирии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.