![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190510_102358.jpg?itok=q7XsGtFE)
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия миёни Коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ озмуни «Маҳфили Зарифон» баргузор гардид.
Нахустин озмуни «Маҳфили Зарифон» миёни Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи технологӣ-фармасефтии Тоҷикистон ва даври дуюми озмун миёни литсейҳои касбии техники ноҳия ҷараён гирифт.
Дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кохи фарҳангӣ ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардида, ғолибони озмуни «Маҳфили Зарифон» ва озмуну чорабиниҳои маҳвораи ҷавонон бо туҳфаҳо, Сипоснома ва Диплому ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шудаанд.