БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАЙРИ ХУДРО БА КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ САФАРБАР МЕСОЗЕМ!

ДӮСТӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи садақот,  хайру сахо  мебошад, моро водор  месозад, ки ба шахсони ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла  маъюбону бепарасторон, ятимону барҷомондагон  дасти мадад дароз  намуда,   корҳои  созандагиву ободониро дар маҳали зисти худ баҳри пешрафту шукуфоии Ватанамон роҳандозӣ намоем.

Вобаста ба ин дар деҳаи Гулобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ  масъулини ҳизбӣ доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба корҳои хайру сахо, ободонию созандагӣ раҳнамоӣ карданд.

Баъдан дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи ҳудуди деҳа  ба масофаи 1 км сангфарш карда шуд.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg