БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОБОДИИ ВАТАН САҲМИ АРЗАНДАИ ХУДРО МЕГУЗОРЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳосилот”-и ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он Алиев Зафар-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  ҳизби ноҳия иштирок карда, қайд намуд, ки ҳар як фарди ватандӯст бояд барои ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузорад. Инчунин, дар идома мавсуф атрофи хизмат дар сафи  Артиши миллӣ андешаронӣ намуда, аз ҷамъомадагон, ки бештари онҳоро ҷавонону волидайн ташкил медоданд, барои ихтиёран сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Ватан-Модар ҳидоят карданд. Баъдан дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳосилот”-и ҷамоати деҳоти Фрунзе ба корҳои ободонӣ  машғул гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg