БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САДОҚАТ БА ҲИЗБ-ОМИЛИ ПЕШРАВИСТ!

А.ҶОМӢ.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ  шахсони саховатпеша, ки имконияташон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва шахсони ниёзманди ҷомеа  дасти мададу ёрмандӣ расонида, баҳри ободиву созандагии Ватани азизамон корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд.

Дар ташкилоти ибтидоии «Ёсуман»-и деҳаи Ёсумани ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон  бародарон Ҷаъфарбеку Обиддин Абдураҳмоновҳо аз зумраи он ҷавонмардонеанд, ки маҳаки асосии рӯзгори хешро аз рӯи фалсафаи зиндагии инсонҳо дар мафҳумҳои «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» қарор дода, дар дилу дидаи ҳамдиёрони бедордилашон абадан маскан гирифтаанд. Бародарон бо дарки баланди масъулияти инсонӣ дар моҳи Шарифи Рамазон дар партави Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи мошингарди фарсудашударо аз нав  таъмир намуда, тасмим гирифтаанд, ки дар оянда низ баҳри шукуфоии деҳаашон саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg