БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ –ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Мулоқоти навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Тарафдорон»-и ҷамоати деҳоти Ғайрат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир гардид.

Дар мулоқот масъалаҳо оид ба сари вақт супоридани андозҳо, маблағҳои ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ миёни аҳолӣ шаҳр дода шуд. Ҳамзамон дар самти муқовимат бо коррупсия аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосҳо оварда,  қайд намуданд, ки ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. 

Инчунин, дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо саҳмгузоии сокинон роҳҳои ҳудуди деҳа сангфарш ва кӯчаи марказӣ  чароғон карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg