ТЕМУРМАЛИК.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Мактаби варзишии №1” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз давлатҳои ҷангзада суханронӣ намуд.
Баъдан вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» барои боз ҳам ободу зебогардонии муассиса ва таъмини шароити мусоиди корӣ ба мурабиён ва шогирдон майдони варзишии худро таъмиру азнавсозӣ намоянд.