БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУШИШУ ҒАЙРАТИ ХУДРО ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ РАВОНА МЕСОЗЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарбахш”-и ҷамоати деҳоти  Фрунзеи ноҳия  бо иштироки Алиев Зафар-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Алиев Зафар оид ба муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо андешаронӣ  намуда, қайд намуд, ки чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охиринашон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд намуданд: “Фаромўш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест.Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg