БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АҚИДАҲОИ НАҲЗАТИЁН ДИГАР БА МИЛЛАТИ ТОҶИК ЛОЗИМ НЕСТ

ВОКУНИШ. Яке аз солҳои вазнинтарин ва фоҷеаовар дар таърихи Тоҷикистон соли 1992-юм буд. Нобасомониҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон аз тарафи гурўҳе ба амал оварда шуд, ки  дар байни мардум таблиғот бурда, одамонро ба сӯи дини ислом даъват мекарданд. Чун сухан аз номи ислом мерафт, мардум оҳиста-оҳиста ба даъвати онҳо фирефта мешуд. Ин аввалин қадамҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки дар кишвар ақидаи ваҳҳобияро паҳн намуд.

Ҳанўз солҳои охири побарҷо будани давлати Шўравӣ ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсии иртиҷоии хусусияти  маҳалгароиву дингароидошта дар кишвари  мо арзи вуҷуд карда буданд, ки ҳар кадоме аз он гурўҳҳо талош  доштанд ба ҳар роҳу воситае набошад қудрати сиёсиро дар даст биёранд.  Гурўҳи аз ҷиҳати  ақидавӣ ба ҳам мухолиф таҳти фишори маблағгузорону хоҷагони хориҷиашон барои аз харитаи ҷаҳон нест кардани Тоҷикистон бо ҳам муттаҳид шуда, ТЭТ  ҲНИТ-ро созмон доданд.

Намояндагони ин гурўҳ дар байни мардум ошкорову пинҳонӣ  ақидаҳои мазҳабии бегонаро таблиғу ташвиқ карда, дар аксар мавридҳо таълимоти  мазҳаби ҳанафиро танқид карда, гоҳе ҳатто куфр мехононанд. Ҳолатҳои  зиёде  буданд, ки руҳониёни асили  мазҳаби ҳанафӣ аз мақсадҳои ғаразноки онҳо воқиф гашта, таблиғотчиёни наҳзатиро шармандавор аз маъракаҳо меронанд. Натиҷаи таблиғоти динии ин нохалафон бо задухурди мусалмон бо мусалмон анҷомид, ки ҳазорҳову ҳазорҳо ҷонҳои бегуноҳ қурбони он гашта, ҳазорҳои дигар бехонаву бедар ва ҳазорҳои дигар гурезаву саргардон гаштанд.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳи тоҷикон ба ҳама талаботи мухолифин розӣ шуда,  ба онҳо дар  ҳама сохторҳои давлатӣ вазифаҳои баланд доданд. Қарор шуд, ки  гуноҳи ҳамагон бахшида шавад, то ин ки Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат ва фонишавӣ баромада, ба сўи ободиву таррақиёт қадам монад.

          Аммо бояд масъулону пайравони ҲНИТ, ки дар Туркия ва кишварҳои дигар қарор доранд, бояд дуруст дарк созанд, ки ғуломи зархариди хоҷагони хориҷӣ будан, бозичаи дасти неруҳои бегона буданду ҳадафҳои онҳоро бар хилофи манфиатҳои ватану миллати худ хиёнаткорона ба ҷо овардан оқибати бадтарин дорад. Ин тоифа бо анҷом додани амалҳои нангину нопоки мазкур ҳамчун як гуруҳаки манфуру хиёнатпеша дар назди ҳамватанон ва ҳам хориҷиён шинохта мегарданд. Ҳатто худи ҳамон хоҷагонашон ҳам ба инҳо эътимод нахоҳанд дошт.

        Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки масъулини ташкилоти терористии ҲНИТ аз ҳар гуна амали душманона нисбати Ватану миллати худ даст кашида, пайравонашонро низ ба чунин рафтор ҳидоят намоянд.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз ба қатори кишварҳои рў ба тараққӣ дохил шудааст. Ҳамин оромию озодии кишвар як бойгарии нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши зиёди шабонарўзии Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст омадааст.

Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

 

Кенҷаева Хайринисо, узви Гурўҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg