БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АҚЛИ СОЛИМРО БА КОР БОЯД БУРД

ВОКУНИШ.Филми мустанади «Бозгашт ба ҷаҳаннам»,  ки дар асоси хотираҳои яке аз муассисони  ТТЭ  Ҳизби наҳзати ислом Айёмиддин Сатторов таҳия ва ба навор гирифта шудааст, диққати ҳар як нафар бинандаро  ба ҳадафҳои ғаразноки ТТЭ ҲНИ  ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии онҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози назар намуда, бо далелҳо таъкид менамояд, ки фаъолияти ҲНИ аз рӯзи таъсисёбиаш бо мақсадҳои нопоки худ ноором намудани авзои сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон, ба даст овардани мансаб, пулу молу сарват мебошад.

ӯ дар филми мустанади мазкур оид ба куштори чеҳраҳои намоёну машҳури тоҷик, аз ҷониби аъзои ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиашон амалӣ гардида буданд, нақл карда мешавад. Магар шахсе ба фикру ба ҳуш набуд дар он миён, ки гӯянд эй мардум бо ин кирдор шумо то ба куҷо меравед ?, охир давидани гӯсола то каҳдон аст!

Дар  ҳафтаномаи «Минбари халқ» андешаҳои журналист ва коршиноси масоили сиёсӣ Додоҷон Атовуллоев  дар мақолаи  «Тавба ё  роҳрез  ба хотири 150 000 нафар қурбониёни ҷанги бародаркуш»  оид ба ҳодиса ва рӯйдодҳои ҳамонвақта, ва имрӯза аз карда пушаймон гаштани муаллиф хело ба тафсил нақл карда шудааст.  Ҳеҷ кор бе пушаймонӣ нест ва ин мақола далели пушаймонии Додоҷон Атовуллоев аз кардаҳои худ мебошад  ва боз як маротиба исбот намуд, ки ҳеҷ гоҳ душмани халқ, Ватан, бадхоҳи дигарон ба муроду мақсадаш намерасад. Дар рӯи хуни ноҳақ рехта, сухани ноҳақ гуфта, туҳмату буҳтон ҳеҷ вақт бахту тахти худро сохта намешавад.

Бинобар ин мо ҷавонону наврасони кишварро аз ҳамагуна ғаразҳои нопок бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату  вохӯриҳо огоҳ бояд намоем аз оқибатҳои чунин рафтору кирдори нохалафон.

Дар шароити кунунӣ ҷомеаи Тоҷикистон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Хусусан ҷавонон фирефтаи макру ҳиллаи роҳбарони намояндагони ҳамагуна ҳаракатҳои хурофотпараст ва худсито нагарданд ва дар таъмини амният, сулҳу суботу оромии кишвар нақши муассир гузоранд.

Хушмуродов Саидмурод, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg