БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН СОЗАНДАГОНИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ МЕБОШАНД

АНДЕША. Маъмулан, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Ҷавонон қувваи бузург , захираҳои муҳим ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон умед аз ояндаи нек мекунанд. Аз давраҳои қадим дар сиёсати давлатдорӣ ба ҷавонон аҳамияти махсус дода мешуд. Ба онҳо ҳамчун неруи азими ҷисмонӣ, руҳиву равонӣ, қавиву боирода диқкатӣ ҷиддӣ дода, ба хотири таъмини амнияти кишвар ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои ҳарбӣ амниятӣ омода ва истифода мекарданд.  

Имрӯз, ки мо дар марҳилаи нави тараққиёт ва рушди илму техналогия қарор дорем, неруи зеҳни ва ҷисмонии ҷавонон тағийр ёфт. Дар ҷаҳони муосир нисбат ба неруи ҷисмонӣ неруи ақливу зеҳнии ҷавонон бартарият пайдо намудааст. Аз ин рӯ, неруи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар сарчашмаи тавлидкунандаи ғояҳо, назарияи нави илмӣ, созандагӣ, бунёдкориву ободонӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлат бошад. 

Ҷавонони мо неруи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Дар ҳақиқат чунин аст. Зеро аз рӯзҳои авали истиқололият ҷавнон дар меҳвари фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи ҷомеаю давлат ном мебарад. Ва ин беасос нест. Имрӯз ҷавонон дар соҳаҳои мухталифи кишвар кору фаъолият мекунанд ва самараи хуби корӣ, кордонӣ, мутахассисӣ ва уҳдабрории худро нишон дода истодаанд. Дар давраи рушди илму техналогияи иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ қисми ҷавонони мо бо истифода аз имкониятҳо соҳиби илму фарҳанг ва донишу тахассуси баланд гардидаанд ва баъзеи дигар то имрӯз дар пешрафти соҳаи варзиш, техналогияи коммуникатсионӣ саҳми назарраси худро расонида истодаанд. Махсусан солҳои охир бо дастгирӣ ва заҳматҳои сарвари далат ва Ҳукумати кишвар дар соҳаи варзиш натиҷаҳои хуб ба бор овард. Варзишгарон чемпион ва соҳиби медалу сазовори ҷойҳои фахри дар арсаи варзиши байналмилал гардиданд.

Ҷавонон бояд зери назорати калонсолон, бо маслиҳату машварати онҳо фаъолият намуда, барои пешрафти ҷомеа саҳми муносиби худро гузоранд. Ҷавонони Тоҷикистон ба эъмори давлати демократӣ мушарраф ҳастданд ва хиради воло, нангу ори миллӣ дар қалби ҳар як ҷавони худшинос роҳ ёфтааст ва эшон даст ба дасти ҳам дода хоки аҷдодӣ, таърихи пурғановат ва миллати соҳибтамаддунро бо роҳбарии Пешвои миллат муарифи намуда истодаанд. Дар ноҳияи Дӯстӣ низ аз ин ҷумла ҷавонон кам нестанд, дар соҳахои гуногуни ноҳия фаъолият намуда, баҳри пешрафти он кушиш ба харҷ медиҳанд.

Умуман ҷавонон дар маркази ҳамагуна тағийроту таҳавулотҳои ҷиддӣ ва ҳам нек мебошанд. Дар замони ҳозира дури аз туҳмату буҳтон ва канорагири аз пайраҳаҳои хатарнок хеле муҳим аст. Як андешаи ботил, качравию гумроҳи ҳаёти инсонро барбод хоҳад дод. Бинобар ин ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша ҳушёр бошанду ба доми фиребу найранги душманон наафтанд. Андешаи солим он аст, ки баҳри пешрафти ҷомеа амал намоем, зеро бе ташаббуси нек ва акидаҳои солим созандагӣ басо душвор аст.

Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки новобаста аз бурдани суҳбатҳои муфид дар байни ҷавонон, боз нафароне пайдо мегарданд, ки ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби динию ифротӣ  мегараванд. Номи Ватану волидайни худро доғдор менамоянд. Тааҷубовараш дар он аст, ки ҷавонони гумроҳшуда намедонанд, ки барои чи ва барои ки меҷанганд. Ба ин қадар таъсис ёфтани муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ ин гунна ҷавонон аз мактабу дониш ва илм дур монда, фирефтаи гуруҳхои манфиатҷӯ мегарданд, ки оқибаташ хуб нест. Бинобар ин дар ин роҳ дасту дили гарм доштану ба арзишҳои милли содиқ мондан ҷавонони моро ба куҳи мурод хоҳад расонид.

Кулли ҷавонони тоҷику Тоҷикистониёнро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, дар ҳама ниятҳои нек, корҳои шоиста ва фаъолият комёбиҳоро таманно мекунам.

 

Одиназода Ҳуснигул, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дустӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg