БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН – ҲАДАФИ АСЛИИ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» АСТ!

АНДЕША. Баробари соҳибистиқлол гардидани кишварамон дар ҷумҳурӣ созмону ҳаракатҳои гуногуни ҷавонон арзи ҳастӣ намуда, ба фаъолият пардохтанд. ҳар кадоме аз онҳо дар доираи шароиту имкониятҳои хеш дар баробари мақомоти давлатӣ дар ҳаллу фасли масоили рузмарраи ҷомеаи мамлакат корҳои неку шоистаеро амалӣ намудаанд.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аз ҷумлаи ташкилотҳое ба ҳисоб меравад, ки мутобиқи ҳадфҳои оинномавиаш миёни ҷавонони мамлакат дар ҳама самту соҳаҳои ҳаёт корҳои муфиду арзандаеро амалӣ намудааст. Яке аз фаъолиятҳои асосии ташкилот баҳри амалӣ гардидани вазифаҳое, ки ба тарбияи ватандӯстию худшиносии насли наврас ва ҷавонони кишвар нигаронида шудааст, иборат мебошад.

Ватандустӣ имрӯз як рукни ассосии мафкураи миллии Тоҷикистон мебошад. Ин масъаларо гаштаю баргашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид менамояд. Месазад, ки нуктаеро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бахш ёдовар шавем, ки иброз намуда буданд: «Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблияи бедории миллӣ, зиракию хушёрии сиёсӣ, хисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад». Пешвои миллат ба мо тавсия ва супоришоти муайяну мушаххас додааст то дар масоили зикргардида кору фаъолият, пажуҳишу омӯзишро бештар намоем ва маъниҳои нобу муассир ба насли наврас бирасонем.

Пешвои миллат барои инкишофу таҳкими бахши тарбияи ватандӯстии ҷавонон иқдомҳои наҷибу мушаххас намуда, ба воситаи мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ онҳоро дар амал пиёда месозанд. Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон маҳз бо ибтикори сарвари давлат таҳия ва қабул гардид ва дар тамоми самтҳои асосии тарбияи ҳарби-ватандӯстии ҷавононро фаро гирифтааст. Ташаббуси сарвари давлат дар хусуси ба иттиходияҳои чамъиятии ҷавонон чудо намудани лоиҳаҳои махсуси грантӣ дар бахши тарбияи ватанпарастии ҷавонон боз як иқдоми неке гардид, ки ин масъаларо ба сатҳи хеле баланд бардошт.

Аз ин лиҳоз моро, махсусан ҷавонони бонангу номуси ватанро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба қадри дастовардҳои бебаҳои таърихии худ расида, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм  ҳифз намоем.

 

Ализода Фарзона-роҳбари  бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg