БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҲИЗБЕ, КИ АЗ УМҚИ ДИЛИ МАРДУМ РЕША ГИРИФТААСТ!

КӮЛОБ.Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти фаъолияти худ кушиш менамояд, ки ба мафкураи ҷомеа таъсири мусбӣ расонида, дар доираи барномаи худ мардумро ба корҳои созандаву бунёдкорона ҷалб созад. Дар баробари ин дигар мақсади олии ҳизб пайваста дар канори халқ будан аст, зеро боварии халқро сазовор шудан ва такя ба он дар моҳвораи самти фаъолияти ҳизбӣ қарор дорад.

Бо ҳамин ниятҳои нек дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” бо иштироки оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор карда шуд.

Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” Каримова Махфират иштирок ва баромад намуданд.

Аз ҷониби Фирӯзи Саидмӯъмин дар маҷлис қайд шуд, ки мо кормандони масъули ҳизбӣ дар асоси ҷадвли тасдиқгардида, имрӯзҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаем. Моҳияти ин вохӯриҳо барои ба дарки мардум расонидани ҳадафҳои олии ҳизб мебошад. Ин иқдом имконият медиҳад, ки дар замири шаҳрвандони кишвар ҳисси ифтихори миллиро баланд бардошта, нерӯи онҳоро ба корҳои неку созанда равона намоем.

Дар ин миён дигар иштирокдорон оид ба паҳлуҳои дигари фаъолияти ҲХДТ ба ҳозирин саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg