ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Деҳқонобод»-и ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғони тоҷик аз зиндонҳои давлати Ироқ, инчунин атрофи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз табрикоташон бахшида ба оғози моҳи шарифи Рамазон бармеояд, андешаронӣ намуда, ҳамагонро барои анҷоми корҳои хайру сахо дар ин моҳи муборак ва корҳои ободониву созандагӣ даъват карданд