БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – БА ҶАВОНОН ҲАМЧУН НЕРӮИ ТАВОНО ТАВАҶҶУҲИ ХОСА ЗОҲИР МЕНАМОЯД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзиш” маҷлис оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд.

 Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Мунаввараи Бозоралӣ баромад намуда, қайд кард, ки ҲХДТ тавассути ғамхориҳои Раиси муаззами он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу ибтикороти ҷавонону занонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад ва дар маҷмӯъ кӯшиш менамояд, ки онҳо ба сатҳи ҳарчи беҳтар ва шоистаи зиндагӣ муваффақ гарданд.

Дар навбати худ дигар иштирокчиён баромад намуда, гуфтанд, ки зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат сарҷамъ шуда, дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ҳамеша барои ободиву шукуфоии Ватан саҳм гузошта ва кӯшиш мекунанд бо ташаббусҳои неку созанда Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифи намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg