
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази таъминоти бехатарии озукаворӣ» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан Давлатҷон Ғаффорзода раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар бораи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад, ибрози андеша намуд.